Вохӯрии судманд бо сокинон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

Posted by

Санаи 4-уми феврали соли 2026 аз ҷониби судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А. ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд Мухитдинова М.Х. дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо сокинон ва кормандони мақомоти мазкур суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин суҳбату вохӯрӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ҳамзамон оид ба сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи қувваи барқ мулоқот анҷом дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А. қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуда,  ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.