Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабр ироа гардид, боз як маротиба самтҳои асосии сиёсати давлатро дар марҳалаи нави рушд муайян намуд. Дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли солҳои гузашта, масъалаи таъмини рушди соҳаи маориф, боло бурдани сатҳи маърифат, илму дониш ва тарбияи насли ҷавон қарор дошт.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобат миёни давлатҳо бештар ба сатҳи дониш, технология ва навовариҳо вобаста шудааст, Президенти мамлакат бо мисолҳои возеҳ нишон доданд, ки давлатҳои мутамаддину пешрафта маҳз бо такя ба маориф ва илм ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. Ба таъкиди Сарвари давлат имрӯз кишварҳои тараққикарда ҳатто аз манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла неруи офтоб, барқ истеҳсол намуда, иқтисоди худро бо технологияҳои сабзу муосир рушд медиҳанд. Ин пешрафт натиҷаи сиёсати дурусти сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу донишманд мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои бунёди давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда бояд ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Дар ин раванд, омӯзиши илму техника, аз худ намудани донишҳои муосир, соҳиб шудан ба касбу ҳунар ва ҷаҳонбинии васеъ нақши ҳалкунанда дорад. Зеро маҳз инсони босаводу соҳибтахассус метавонад дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
Сарвари давлат дар Паём таъкид карданд, ки вазифаи давлат ва ҷомеа танҳо фароҳам овардани шароити таҳсил нест, балки тарбияи шахсиятҳои комил, ватандӯст, масъулиятшинос ва соҳибмаърифат мебошад. Агар мо имрӯз барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон заминаи мустаҳкам гузорем, фардо онҳо дар зиндагии мустақилонаи худ ба мушкилоту азият дучор нахоҳанд шуд ва метавонанд ояндаи худро бо заҳмати ҳалол ва дониш бунёд намоянд.
Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки бесаводӣ ва дур мондан аз дониш ҷомеаро ба таассуб, хурофот ва ҷаҳолат мебарад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз дар ҷомеаҳое, ки сатҳи маърифат паст аст, ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва бесуботӣ бештар доман паҳн мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи маориф на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки ҷузъи муҳими таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарию Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ислоҳоти фарогирро дар ин самт роҳандозӣ кардааст. Бунёди мактабҳои нав, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, такмили барномаҳои таълимӣ ва боло бурдани мақому манзалати омӯзгорон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим амалӣ мегарданд.
Дар Паёми имсола низ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар оянда низ давлат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва барои тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос, мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд. Ин сиёсати дурбинона имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар марҳилаҳои минбаъда ба ҷомеаи воқеан донишбунёд табдил ёбад.
Воқеъан ҳам, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ як санади муҳими сиёсиву стратегӣ мебошад, ки роҳҳои рушд ва вазифаҳои ояндаро муайян месозад. Таваҷҷуҳи хос ба соҳаи маориф, тарбияи насли босавод ва мубориза бо ҷаҳолату хурофот нишон медиҳад, ки ояндаи кишвар маҳз ба сатҳи дониш ва маърифати ҷомеа вобаста аст. Амалӣ гардидани нуктаҳои муҳими Паём танҳо дар сурати ҳамбастагии давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос имконпазир хоҳад буд.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд
Ҳасанзода Ҷ.Х.