Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: омӯзиш, ҳифз ва интиқол ба наслҳои оянда

Posted by

Дар амалияи давлатдории таърихи навини Тоҷикистон Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд. Аз мундариҷа ва моҳияти худ, Паёми солона-гузориши сарвари давлат ба тамоми мардуми кишвар тавассути парлумон падидае ҳисобида мешавад, ки дар амалияи муосири давлатдории ҷаҳонӣ принсипҳои муҳимтарини давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқиро ифода мекунад. Аз як тараф, Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунад ва тарафи дигар, дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва арзёбӣ равшан мекунад.

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Парлумон, Ҳукумат, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, вакилони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаву муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, соҳибкорон, намояндагони намояндагии дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Хеле рамзӣ аст, ки дар рафти суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳимояи манфиатҳои халқи Тоҷикистон ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа дар паём равшан эҳсос гардид ва аз ҷониби сарвари давлат изҳори манфиатҳои миллии кишвар дар татбиқи орзуҳои таърихии халқи шарифи тоҷик эҳсос гардид.

Сарвари давлат қайд намуданд, ки ҳанӯз дар солҳои оғози соҳибистиқлолӣ, яъне дар солҳои хеле вазнини солҳои 1992-1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва пешгирии гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун замини президентӣ ҷудо намуд. Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обёришаванда ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда шудааст. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор сокини кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити зисти худро беҳтар намоянд.

Дар робита ба ин, дар Паём таъмини рушди иқтисоди миллӣ таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори саноат ҳамчун истеҳсолкунандаи арзиши иловашудаи баланд таъмин карда шавад ва дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз марҳилаи дигари таърихии давлатдорӣ гузаштааст. Аз  Паём метавон хулоса кард, ки сиёсати пешвои миллат ба беҳбуди вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, таҳкими фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти кишвар, таҳкими ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ асос ёфтааст.

Нозир-референти

Суди иқтисодии вилояти Суғд                                                             Зарифов Бежан.