ҲАМОИШ оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025.

Posted by

Имрӯз 28 январи соли 2026 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳои Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025, бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва Шуъбаи Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳамоиши илми-амалӣ баргузор гардид.

 Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. ҷамъомадро кушода, иброз намуданд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.

Воқеан, гарчанде ки Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии мамлакат ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд.

Дар Паёми имсола, ки 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид, бештар таваҷҷуҳ ба раванди расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, технологияи муосир, рақамикунонӣ, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, соҳибкорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва як қатор иқдомҳо дар самтҳои гуногуни барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат инчунин дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардид.

Сипас вобаста ба омўзиши Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзачиҳо судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Н., иљрочии Шуъбаи Хадамоти иљро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд Абдураҳмонзода П. ва котиби маҷлиси судӣ Муҳитдинова М. доир ба рисолаи таърихи доштан, аҳамият ва зарурати таъмини иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои дар Паём баён гардида ва андешидани чораҳои иловагии таъхирнопазир баҳри иҷрои вазифаҳои аз он бармеомада, истода гузаштанд.

Дар охир Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар ҷиҳати дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои дар Паёми имсола ироа гардида, таъкид карда, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно намуданд.