Санаи 24.11.2025 сол, дар Cуди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкурро Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. оғоз намуда, дар аввал ба ҳозирин табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода З.Ф.-ро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.
Сипас қайд намуданд, ки Парчами миллӣ 24 ноябри соли 1992 дар айёми барои халқи Тоҷикистон тақдирсоз дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрезӣ ва қабул гардидааст, ки ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши бебаҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, таҷассумгари гузашта ва ояндаи дурахшони аҳолии ватани азизу маҳбубамон ба ҳисоб меравад.
Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам соли 2010 рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” донист ва гуфтаанд: Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, Ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон сар шуда буд, дар он парчам ҳам ёдрас мешуд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз тарафи аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудаст. Аввалин парчаме,ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст, ин Дирафши Ковиёни буд.
Имрӯз Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзу нишона аз таърихи давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, дар Ливои Президенти кишвари тозабунёди соҳибистиқлоламон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.
Инчунин дар идома маърӯзачиҳо дар мавзӯҳои “Парчам таҷасумгари озодию мустақилият”, “Парчами миллӣ-рамзи ҳувияти миллӣ ва шукӯҳи Тоҷикистон” ва “Парчами давлатии Тоҷикистон нишони хиради волои миллат” баромад намуданд.
Пас аз маърӯзаҳо иштирокчиёни маҷлиси тантанавӣ бо табрикот ҳамроҳ шуда, аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории Парчами миллӣ суханронӣ карданд.
Дар охири маҷлис Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, таманно карданд, ки Парчами тоҷикон доимо партавафшон бошад.

