Санаи 22 ноябри соли 2025 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.
Дар ин шанбегӣ, ки бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди иқтисодӣ гузаронида шуд, гирду атроф ва ҷуйбори назди бинои суд аз хасу хошок тоза карда шуда, обравҳои боми бино барои зимистонгузаронӣ ба тартиб дароварда шуд. Инчунин корҳои тозагӣ дар даромадгоҳи бино ба анҷом расонида шуданд.

