Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 – умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, чунин гуфтааст: Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, Ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва Ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон сар шуда буд, дар он парчам ҳам ёдрас мешуд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз тарафи аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудаст. Аввалин парчаме, ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст, ин Дирафши Ковиёни буд.

Имрӯз Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзу нишона аз таърихи давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, дар Ливои Президенти кишвари тозабунёди соҳибистиқлоламон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.

Боиси хушнудист, ки  бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 19 ноябри соли 2009 аҳолии кишвар ҳамасола  24 ноябрро,  ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ – ҷашни умумимиллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдории миллии худ бо ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ ҷашн мегиранд.

Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборакбод мегӯям. Таманно дорам, ки Парчами тоҷикон доимо партавафшон бошад!