Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд

Posted by

Мувофиқи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва назарияи илми ҳуқуқ Президент ҳамчун Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ намояндаи Олии давлат ба шумор меравад. Далели гуфтаҳои мо боби чоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фасли 1 Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737 тасдиқ шудааст, аз низоми мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойи аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мансаби Президентӣ – хоси шакли идораи ҷумҳурӣ аст. Танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ президент вуҷуд дорад ва он мансаби интихобӣ аст. Мансаби Президент дар замони Шуравӣ қобили қабул нашуморида, онро барои сохтори шуравӣ зарарнок медонистанд, гарчанде ки масъалаи дар Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис додани мансаби президентӣ ҳануз дар маъракаи муҳокимаи Конститутсияи соли 1936 пайдо шуда буд. Дар оғози соли 1990 гузариш ба низоми идораи президентӣ падидаи мазкур дар давлатҳои шўравӣ ҳатто дар сатҳи Конститутсия танзими худро ёфта буд. Дар он марҳила ҷомеаи пасошуравӣ дар чунин назар буданд, ки ин падида маҳаки муҳими мувозина ва боздоранда, ташкилу амали гардонидани ҳокимияти давлатӣ, агар ба як сухан гӯем маркази пайванди ҳокимияти қонунбарорӣ, иҷроия ва судӣ буда метавонад. Аз он ҷумла, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии кишвар қабул гардида, боби алоҳида ба падидаи мазкур бахшида шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки бунёди мансаби Президентӣ ба ниҳодҳои давлатдории Тоҷикистон санаи 29 ноябри соли 1990 тибқи қонун қайд гардидааст. Бояд гуфт, ки санаи 6 ноябри соли 1994 дар ҷумҳурӣ ду маъракаи муҳими сиёсӣ, қабули Конститутсия ва интихоботи Президент баргузор шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардуми шарифи тоҷик интихоб гардидаанд.

Мувофиқи моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бе сабаб нест, ки падидаи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи тулонӣ надошта бошад ҳам, таърихи 34 соли соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти Президентони кишвар, ба хусус ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, мутобиқи тағйирот ба ҚҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” аз санаи 14 майи соли 2016, № 1320 ба сархати ҳафтоду якум “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр” илова карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа дар Тоҷикистон марҳилаи навро ба миён овард ва онро дар замони соҳибистиқлолӣ метавон чун нишонаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат арзёбӣ кард. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии  кишвар, пойдории сулҳу салоҳ, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад. Яъне, бо назардошти эҳтиром ба хизматҳои бузурги тақдирсозашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Парламенти кишвар бо дастгирии халқи азизи Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон дониста шудааст.

Чунин эътироф аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Зеро ӯ миёни аҳолӣ чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ў ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ дошта, садоқати ӯро эҳсос намуда, ҳамзамон боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрўз ҷомеа ба онҳо рў ба рў гаштааст, баромада метавонад. Чунин боварӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз он ҷост, ки дар  тўли солҳои  фаъолияташ танҳо ба ў муяссар гашт, ки  ҳамаи кўшишҳои фишори зўроварӣ ба ҳокимиятро аз ҷониби нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пешгирӣ намояд.

Бебаҳс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Бушубҳа дар марҳилаҳои гуногуни тақдирсозии таърихӣ ва давлатдорӣ, шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Бешак чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар бораи шуҷоату фаъолияти давлатдории ў китобу мақолаҳо ва филмҳои зиёде нашр ва наворбардорӣ гардидаанд. Қайд кардан ба маврид аст, Президенти кишвари мо имрўз ниёз ба муаррифӣ надорад. Ў шахсиятест, ки бо дили бузург ва садоқату иродаи қавӣ соҳиби  эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст.

Дар ҷараёни идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ, орому осуда, ободу зебо ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ, инчунин яке аз давлатҳои амнтарини ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст.

Хотирнишон бояд сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шахси наҷиб ва фарзанди фарзонаи миллат пас аз рӯи кор омадан бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои зиёди пайгирона ва созанадаашон аз рӯзҳои аввали фаъолият, ки мамлакат дар вазъи ногувори сиёсӣ қарор дошт, сохторҳои фалаҷшудаи давлатиро аз нав эҳё намуда, тадриҷан оташи даргириро хомӯш карда, миллатро сарҷамъ, Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ наҷот дод ва Истиқлолияти давлатиро ба маънои томаш таъмин карда, бо ин роҳ ба сохтмони ҷомеаи навини халқи тоҷик оғоз бахшиданд.

Дарвоқеъ, сарвари хирадманд ба корҳое қодир аст, ки ба зури онҳоро наметавон кард, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои вазнини кишвар, аз аввалин рӯзи ба даст гирифтани роҳбарии кишвар барқарории сулҳро дар Тоҷикистон ҳадафи асосии худ эълон карданд ва мардумро дар дохилу хориҷ ба муттаҳид шудан дар атрофи падидаи Ваҳдат даъват намуданд. Аз он ҷумла, савганд ёд карданд, ки “…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”. Ин самимият ва садоқат дар он марҳила ба халқи тоҷик зарур буд ва бо чунин суханони содиқона ба дилу дидаи мардум ҷой гирифтанд. Дар ҷараёни идораи давлат, Пешвои миллат савганди худро дар назди халқу Ватан пурра собит намуданд, зеро аз ибтидо хишти аввал рост гузошта шуда, ҳадафҳои стратегӣ, баромадан аз буҳрони сиёсӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро дар пеш гирифтанд.

Бевосита, чунин нуктаҳоро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд намуда, таъкид месозанд, ки “Сарҷамъии миллат ва рушди устувору муназзами иҷтимоӣ аз ҷумлаи шаҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошанд. Бақои миллат ва иқтидори давлат аз бардошту тавоноии ҳамин сутунҳо вобастаанд ва маҳз дарки ҳамин нуктаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхўрӣ эмин дошт..”.

Ҳамин тавр, Президенти кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни идораи давлат танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида, тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрўз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академикии Шўрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» эълон гардидааст.

Дар маҷмуъ, бояд таъкид намоям, ки мансаби Президентӣ самараи истиқлолияти давлатӣ буда, Президентони кишвар, аз он ҷумла Пешвои маҳбуби  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддати кӯтоҳ тавонистанд, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва дорои сиёсати дарҳои кушод, давлати фарҳангӣ ва дорои таъриху фарҳанги ғанӣ муаррифӣ намуда, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ сохта эъмор намуда, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро таъмин намоянд. Зеро дар ҳар вохўриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эътироми сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, дастгирии ятимону маъюбон ва табақаи осебпазири халқи Тоҷикистон таъкид менамоянд.

Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи худ тамоми халқи тоҷикро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр табрик намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи зиндагиашон саломатии бардавом, умри дарози бобаракат, хотири ҷамъ ва дили беғам таманно дорам. Бошад ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби миллат ҳамеша соябони халқи тоҷик ва дар меҳвари давлатдории тоҷикон буда, Тоҷикистонро ҳамеша сарсабзу хуррам, орому осуда ва ҳадафҳои дар пешгузоштаи роҳбарияти Олии кишвар ҷомаи амал пӯшанд.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд,

номзади имлҳои ҳуқуқшиносӣ                                                   Эмомализода Навруз