Ҳамасола 6 ноябр мо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади сарнавиштсоз барои ҳар як тоҷику тоҷикистониро ҷашн мегирем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки ин баёнгари соҳибихтиёрии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаландии миллат аст.
Тасдиқи гуфтаҳои болоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ метавон мушоҳида кард, чун бо азму талоши мардуми шарифи Тоҷикистон ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгори мардум таъмин гардида истодааст.
Қобили зикр аст, ки маҳз конститутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои рушди босубот таъмин менамояд. Мазмуну мундариҷаи Конститутсияи кишвар мукаммал буда, он дар байни беҳтарин конститутсияҳо ҷаҳон қарор дорад, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозист.
Дар ин рӯзи муборак ба якояки Шумо тандурустиву иқбол дар зиндагӣ ва пешравӣ дар фаъолиятҳоятон орзу менамоям. Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшангари роҳи ҳаёти ободу осудаи мардум ва ҳидоятгари миллат дар масири расидан ба ормонҳои асилу ростии миллӣ бошад.
31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад !