Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Бо мурури вақт душворию азиятҳо паси сар гашта, давлат орому миллат дилшод гардид. Бо паси сар гардидани монеаву душвориҳои зиёд ва бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати сохибихтиёр шинохта шуд.
Дар Истиқололият бо ташаббус, роҳнамои ва сиёсати хирадмандонаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Рахмон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлатӣ таҳкиму рушд ёфта истодаанд. Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистони дар даврони истиқлолият, ки 06-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ сурат гирифта буд, қабули Конститутсияи мамлакатамон мебошад. Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суди муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешрави ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузоранд. Ҳокимияти судӣ низ хамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд.
Бинобар ин, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти суди ва сохтори судҳоро мукаррар намудааст. Дар кишвари мо давоми солҳои истиқлолият ислоҳоти иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ паҳлӯ ба паҳлӯ идома ёфта истодаанд. Баробари қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар ҷумҳурии мо ҳокимияти судӣ низ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбӣ, таъсис дода шуданд.
Сараввал ислоҳоти системаи судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иваз гардидани мақомотҳои арбитражи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва баъдан судҳои иқтисодӣ ташкил карда шуда, ба раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил баҳри таъмин намудани адолати судӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ суръат бахшид. Зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ дар соли 1995, ба вуқӯъ омад ва ду санади нав: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси ҳуқуқии тартиби сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ буданд, қабул карда шуданд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақоми комили пурраи ҳокимияти судӣ ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои хоҷагӣ ба зиммаи мақомоти судӣ вогузоштанд.
Таҷриба нишон дод, ки дар даврони истиқлолият судҳои иқтисодӣ тавассути баррасию ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ барои устувор гардидани пояҳои иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, фаъолияти муназзаму босамари ташкилоту идораҳо, хусусан бахши соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва ниҳоят дар роҳи риояи қонуният нақши муҳим бозид.
Давоми солҳои истиқлолият Кодекси мурофиавии иқтисодии мамлакат мунтазам такмил дода шуда, дар таъмини адолати судӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятӣ бобати боло рафтани мақоми судҳои иқтисодӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намуда истодааст. Фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолият маҳз бо мақсади баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва таъмин намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дap соҳаи иқтисодиёт равона карда шудаанд, ки дар раванди рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Бо пешниҳоди Сарвари давлат якчанд Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда қабул гардид. Мақсад аз таҳияи барномаҳои мазкур аз таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо иборат мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки судҳои иқтисодии мамлакат ҳамчун дастоварди даврони истиқлолият дар оянда низ баҳри боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани ҳаёти иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи соҳибкорӣ ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ фаъолият мебаранд.
Дар охир бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастам, ки 34-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони судҳои иқтисодӣ рисолату асолати давлатдории миллиро бо пурагӣ дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азизамон нерўю дониши худро дареғ намедоранд.
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд: Маҳмудова Феруза.