Санаи 03.10.2025 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии виилят Суғд ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. ҷамъомадро кушода иброз намуд, ки забон воситаи муҳимтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф ифода карда метавонад, аммо воситаи асосии ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд. Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад.
Барои эҳёи забони давлатӣ дар давраи давлатдории навини Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Зеро маҳз Президенти мамлакат дар минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ сухан намудаанд.
Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон аз байн нарафта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.
Ҳамчунин маърузачиён, маърузаҳои пурмазмуни худро доир ба гиромидошти забони ширину шоиронаи миллӣ баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.
Дар охир иштирокчиёни ҳамоиш андешаҳои худро оид ба ифтихор аз забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ баён намуданд.


