ТАҶЛИЛИ БОШАКӮҲИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Posted by

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2025 дар ноҳияи Спитамен Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дар фазои идона таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар Қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Навкат ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мақсудзода Фаррух ва меҳмонони хориҷӣ аз шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар ҳошияи чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, ки дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ташкил гардида буд, боздид намуданд. Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои навоварию эҷодии ҷавонон муаррифӣ шуданд.

Ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт ва баъдан суханони табрикотии роҳбарон ироа гардиданд.

Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода зимни суханронии худ аз Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин неъмати миллат ёдовар шуда, гуфт:

«Истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи ҳастии миллат, кафили озодию сарбаландӣ ва имконияти бунёди давлату ҷомеаи мутамаддин мебошад. Мо бояд бо ифтихор аз ин дастовард, дар роҳи таҳкими пояҳои давлати миллӣ содиқона меҳнат намоем.»

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Зебонисо, сокинони ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷашни Истиқлолият табрик намуд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ба мардуми тоҷик имконият дод, ки соҳиби давлату сарнавишти худ гардад ва бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба як кишвари орому амн ва рӯ ба тараққӣ мубаддал гардад.

Ҳамчунин, Мақсудзода Фаррух — намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи иштирокчиён расонид.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии бошукӯҳ бо иштироки ҳунармандони ноҳия ва гурӯҳҳои эҷодӣ пешниҳод гардид. Рақсҳои миллӣ, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои театрӣ фазои идонаро боз ҳам рангорангтар намуданд. Дар охир, ба ду нафар аз фаъолони ҷомеа барои саҳми арзанда дар рушди иҷтимоию фарҳангии ноҳия — Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.