Ҷиҳати таъмини бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳои идоравӣ имрӯз бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷамъомад оид ба иҷрои барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва наќшаи чорабинињо оид ба амалисозии барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2020-2025 баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, оид ба Барномаи мазкур ва Нақша чорабиниҳо маълумот доданд. Сипас судяи суди иқтисодии вилоят Ниёззода М. ва коргузори суд Зарифов Б. оид ба мавзуъ баромад карда, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб доданд.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри дар амал иҷро намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наќшаи чорабинињо дар фаъолияти кории нимсолаи дуюми соли 2025 ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида, гузанонидани маҷлисҳои сайёри судӣ ва вохуриву суҳбатҳоро оид ба фаҳмондадиҳии қонунҳои амалкунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зиёд намоянд.


