ҶАМЪОМАД оид ба иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳои идоравӣ имрӯз бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷамъомад оид ба иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи мазкур, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020 таҳти №167 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси суди иқтисодии вилоят Мирзозода П.Т. кушода, оид ба Стратегияи мазкур ва Нақша чорабиниҳои идоравӣ маълумот дод, сипас судяи суди иқтисодии вилоят Ҳамроқулзода Б.А. ва котиби маҷлиси судӣ Олимиён Т.Б. оид ба мавзуъ баромад карда, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб доданд.

Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои Нақша-чорабиниҳо ва Стратегияи мазкур ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида, шумораи ташвиқу тағриботро дар ин самт зиёд ва сифатнок таъмин намоянд.