Имрӯз ҷиҳати иҷрои муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021 таҳти №222 ва нақша – чорабиниҳои идоравӣ дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷамъомад бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.
Дар охири чорабинӣ иштироккунандагон фикрҳои худро оид ба Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия баён карда, қайд карданд, ки тадбирҳои амаликунандаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъияти вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои корупсионӣ ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолитяи масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузорем.


