РУШДИ МАОРИФ ВА ПЕШРАФТИ СОҲАИ ИЛМ-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Posted by

Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамчун барномаи мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ, фарогири ҳамаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа буда, бобати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар тамоми соҳаҳои ҷомеа, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рузҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба рушди маориф ва пешрафти соҳаи илм, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб меравад, ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва дар паёми навбатии худ низ ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон дар ин самти афзалиятнок, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Роҳбари давлат дар чандин баромадҳои худ ва инчунин дар паёми навбатӣ низ хотирнишон карданд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Аз ин хотир дар баробари татбиқи дигар барномаи давлатӣ доир ба рушду инкишофи таълиму тарбия, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман ба бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Бояд қайд кард, ки ҳамасола дар мамлакат шумораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи томактабӣ, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шумораи хонандагону донишҷӯён рӯ ба афзоиш дорад. Ба ин васила Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ зикр намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.

Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар ин давра беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Аз ин лиҳоз супориш дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб фармуданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин таъкид намуданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Бо дарназардошти ин Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешанд.

Мусаллам аст, ки рушди маориф ва илм дар баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар руҳияи ҳисси баланди ватандустӣ, накӯкорӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту таърих ва анъанаҳои миллию фарҳангии худ, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, пешгирии ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва дар пешрафту тарақиёти ватани маҳбубамон мусоидат менамояд.

   Судяи суди иқтисодии      

   вилояти Суғд  Ниёззода М.