ПАЁМ ВАСИЛАИ ТАҲКИМБАХШИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ

Posted by

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон санаи 28 декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони кишварамон пешниҳод гардид.

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар панҷ соли гузашта ва барои давраҳои оянда баён намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Баробари дигар самтҳои пешрафти сиёсати давлатамон, ишора гардид, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Дастур дода шуд, ки бо ин мақсад, вазорату идораҳои дахлдор фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

Инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот ва таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот инкишоф ёфта, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ баланд бардошта мешавад.

Истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ гардида, амнияти киберии махзанҳои маълумот таъмин мешавад. Дар баробари ин соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ ташаккул меёбад.

Дар ин раванд, бо мақсади ҳарчи зудтар омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, тавассути ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, №911 ба имзо расида, солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд.

            Масъалаи дигари муҳим, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ин дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.

Тибқи маълумот соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст. Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ пешниҳод гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад.

          Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.

Мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуданд.

Муносибатҳо вобаста ба мораторияи эълоншуда, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” танзим гардида, он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро   муайян   намуда,   тартиби   татбиқи   мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Дар асоси дастури мазкур 10 январи соли 2025, №915 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабул карда шуд, ки мутобиқи он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мена­моянд ва баҳри рушду инки­шофи соҳаи мазкур, ҷорӣ на­мудани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва дастгирӣ намудани онҳо воситаи муҳими такмили қонунгузории мамлакат дар ин самт мебошанд.

Раиси Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                        

Мирзозода Парвиз