Нишасти матбуотӣоид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024

Posted by

13 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Суғд бобати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 ва Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо, оид ба фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд, Суди вилояти Суғд намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст доир ба фаъолияти суди вилоят дар соли 2024 маълумоти мухтасари муовини якуми раиси суд Ҳафиззода Т. манзур гардид. Доир ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар соли 2024 маълумоти раиси суд Мирзозода П.Т. пешниҳод гардид.

Сипас намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳбарияти Суди иқтисодии вилоят ва Суди вилоят посухҳои мушаххас дода шуд.