Вохӯрии судманд бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

Posted by

07 феврали соли 2025 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров бо иштироки судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷ.Х. ва Эмомализода Н.Э., котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Суғд Сангов Ш.С. бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд.