Санаи 17 апрели соли 2024, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 ва нақша чорабиниҳо бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят, таҳти раёсати муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Даврон Зоҳидзода бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати адлия, раиси Шӯрои уламои дини вилоят, сардори Раёсати маорифи вилоят, устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовини раисони шаҳру ноҳияҳо (сарпарасти соҳаи идеологӣ), сармутахассис-ҳуқуқшиносони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари машваратӣ таҳти унвони «Роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» баргузор гардид.
Семинари машваратиро муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Даврон Зоҳидзода оғоз намуда, ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро ба саҳми ҳозирин расонида, таъкид намуд, ки мақсад аз ба тавсиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ намуд.
Сипас, доир ба семинари машваратӣ бобати «Роҳу усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» нахуст сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд муҳтарам Шарофиддин Шарифзода баромад намуда, иброз доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бо он сабаб ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтааст, ки он барои расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани тамоми арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти ҳуқуқ ва қонун, иҷрои масъулияти ҳуқуқӣ, иҷрои уҳдадории эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва риояи тартиботи муқарраршуда мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки расидан ба ҳадафи эълони соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” танҳо дар он ҳолате ноил мегардад, ки агар субъектони дахлдор аз роҳу воситаҳои муосир ва самараноки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ истифода намоянд. Маҳз семинари имрӯза низ бо мақсади аз ҷониби аъзои гуруҳи корӣ пешниҳод намудани роҳҳо ва самтҳои самараноки ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил карда шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як ҷомеа нақши асосӣ дошта, бе сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои қонун, афзалияти инсон, бегонанашавандагии ҳуқуқу озодиҳои ӯ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва таъмини манфиатҳои оммавӣ мураккаб мебошад. Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён, аз ҷумла муҳаққиқони ҳуқуқшинос ва шаҳрвандонро зарур аст, дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин, дар кори семинар – машварат Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Парвиз Мирозозода, ёрдамчии калони Прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот Мириноят Пайрав Сайфидинзода, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Оятулло Раҳматзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Шӯҳрат Кенҷаев, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултаи мазкур Ғолибҷон Санавбаров, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода баромад намуда, ҷиҳати амалишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 «Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми кори семинар, муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Даврон Зоҳидзода иштирокчиёни семинари машваратиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 тадбирҳои мушахзхасро роҳандозӣ намуда, дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ буда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.