Санаи 28.07.2023 сол дар Суди вилояти Суғд машғулияти семинарии навбати бо иштироки роҳбарият, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар семинар баробари дигар маърӯзачиҳо судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Н.Э. дар мавзӯи “Тобеияти идоравӣ ва тобеияти судии парвандаҳо ба суди иқтисодӣ, инчунин муқаррароти моддаҳои 10 ва 24 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Раиси суд Мирзозода П.Т. вобаста ба мавзӯи мазкур хулоса дода, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал дод.
Дар машғулияти семинарӣ кормандони дастгоҳи суди иқтисодии вилоят дар алоҳидагӣ мувофиқи Нақшаи корӣ иштирок намуданд. Котиби маҷлиси судӣ Розиқов Б.Б. дар мавзӯҳои “Шакл, мазмун, тартиб ва муҳлати таҳияи протоколи маҷлиси судӣ дар суди иқтисодии марҳилаи якум” баромад намуд. Дар охири баромадҳо дар доираи ин мавзӯҳо иштирокчиён мубоҳисаҳо намуданд.