Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ баҳраманд мегарданд.
Имрӯз аз тарафи кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд дар арафаи Иди Қурбон ба Интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен кумакҳои моддӣ аз қабили орд, равғанӣ растанӣ, биринҷ, картошка, пиёз, сабзӣ, гушт ва дигар маводҳои зарурӣ ҳамчун туҳфаи идона тақдим намуданд.
Ба се нафар хатмкунандагони муассисаи мазкур маблағҳои пулӣ ҳамчун кумак расонида шуд.