Баргузории мулоқот бо иштироки судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент

Posted by

Санаи 8-уми майи соли 2026 дар толори “Кохи Лоиқ” – и шаҳри Панҷакент мулоқоти судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд бо раисони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби шаҳри Панҷакент, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳо доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16 декабри соли 2025,  банди 3,7 Нақшаи чорабиниҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2026 бахшида ба “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намудани соли 2026, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин вобаста ба қарзҳои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аз маблағи ҳақи обрасонӣ, ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин, Ҳасанзода Ҷамолиддин Холмурод, Ниёззода Мирзоқул, инчунин корманди дастгоҳи суди мазкур Мухитдинова Малика оид ба масъалаҳои мазкур баромад намуда, фикру андешаҳои худро дар асоси талаботи қонун баён намуданд. Ҳамзамон, доир ба қарзҳои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби шаҳр сухан гуфтанд. Инчунин аз ҷониби судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон анҷом дода шуда, ба муроҷиаткунандагон посухҳои мушаххас дода шуд.