Баргузории мулоқот бо иштироки судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд

Posted by

Санаи 29-уми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мулоқоти судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд бо раисони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия ва сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳо доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 16 декабри соли 2025,  шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин вобаста ба қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз маблағи ҳақи обрасонӣ, ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Ҷаласаро ҷонишини якуми раиси ноҳия Ҷумъазода Некмурод Раҳматшо оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ кард. Судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин ва Ҳасанзода Ҷамолиддин Холмурод оид ба масъалаҳои ҷаласа баромад намуда, фикру андешаҳои худро дар асоси талаботи қонун баён намуданд. Ҳамзамон, доир ба қарзҳои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия сухан гуфтанд. Иштирокдорони ҷаласа фикру андешаҳояшонро бобати масъалаҳои баррасигардида баён намуда, барои ташкили чунин мулоқоти судманд миннатдорӣ баён намуданд.