Нигоҳе аз таърих,  қонунгузорӣ ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм.

Posted by

Дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) фикру ақидаҳои олимони  соҳаи мазкур гуногун мебошад. Ҳарчанд ин падидаи номатлуб аз даврони кўҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шаклу тарзҳои гуногун зуҳур мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии  терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-ро дар замони муосир муайян  кардаанд.

Марҳилаи нави терроризмаз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар асри 20, ки дар таърихи ҷаҳон чун  асри тарақиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, терроризми сиёсӣ ном гирифтааст. Ин террор асосан баъди ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тарақи мекард ва сохторҳои иҷтимоӣ давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Дар ин давлатҳо ташкилотҳои террористии “Красные бригады”, “Фраксия Красной Армии”, “Японская Красная Армия” ва дигар ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вазъияти сиёсии мамлакати худро ноором месохтанд. Амалҳои террористии ташкилотҳо аз намуди террори инқилоби Фаронса сарчашма гирифта, ҳамчун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд. Мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд. Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зуроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кўшояд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Терроризм ва экстримизм (ифротгароӣ)-и хушунатомез» бошад заминаашонро аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифта, сипас як қатор қонунҳое, ки бевосита танзимкунандаи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» қабул карда шудаанд. Қонунҳои зикргашта асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.  Инчунин диспозитсия ва чорахои ҷазоии терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 № 575 хусусан дар моддаҳои 179, 307 ва ғайра муқаррар карда шудааст.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Бо шарофати фарзанди фарзонаи миллатамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрўз ба мардуми дунё маълум гардид ва фаҳманд, ки давлате ба ном Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад. Ин марди ғамхор ба он тоҷиконе, ки ҳамчун гурезашуда аз кишварашон фирор карданд ва ба касоне, дар ин ҷанг чандин бадбахтиҳоро аз сар гузарониданд, кафолати сулҳро ваъда намуданд. Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба  сифати  баланд расонем.

Мақсади ибтидоии терроризм ин халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади  резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист.

Ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ба содиршавии амалиётҳои террористӣ дар манотиқи гуногуни олам, ки боиси фалокати одамон мегардад, оварда мерасонад. Сабаби шомилшавии ҷавонон аз ҳисоби бесаводӣ, нодонӣ, гумроҳӣ баамал меояд. Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба  амалҳои харобкоронаи  онҳо маҳсуб  меёбад. Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси нигарони мебошад, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад.

Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи “Муқовимат ба тероризм ва ифротгароии хушунатомез” баромади пурмўҳтаво намуда қайд карданд, ки “Терроризм ва  экстремизм (ифротгароӣ)-и  падидаи номатлуб буда, вабои аср эълон шуда дар ягон давру замон оммаи мардум  ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд.

Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрўз бо саъю талошҳои Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарўзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар  мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд                                   Муъминзода Фирӯза