27-уми феврали соли 2026 бори нахуст раванди баргузории семинари машваратии судяҳои Суди Олӣ ва судяҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар яуҷоя бо Суди иқтисодии вилояти Суғд тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид.
Семинари маҷозиро муовини Раиси Суди Олӣ Тағозода А.С. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба зарурати мавриди корбарии ҳатмӣ қарор додани коргузории ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ тавассути “Низоми ягона гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ” изҳори назар намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки минбаъд ҳуҷҷатгузориҳоро тариқи барномаи мазкур ба роҳ монда пай дар пай аз ҳомили қоғазӣ даст кашанд.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз ҷорӣ намудани низоми мазкур ин ворид намудани унсурҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Дар идомаи семинари маҷозӣ баҳри бештар фаҳмонидани усулҳои истифодабарии Низоми ягонаи электронӣ роҳбари гурӯҳи кории Суди Олӣ оид ба рақамикунонии ҳокимияти судӣ Аланазарзода Ш. ва аъзои масъули гурӯҳ бо таври рӯнамо усули кории барномаро ба иштирокдорони семинари маҷозӣ муаррифӣ намуда, ба саволҳои манзуршуда ҷавобҳои муфассал доданд.
Дар идомаи семинари мазкур судяҳои масъул тибқи нақшаи баргузории машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуъҳои гуногун баромад намуданд.


