Ҳамасола 23 феврал-рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо як шукуҳу шаҳомати хосса, дар кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз мардуми шарифу сарбаландӣ Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлатӣ ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили сиёсӣ, дар ҳоле таъсис ёфт, ки ҳеҷ пойгоҳи аввалия ва ё заминаҳои моддию техникии ҳарбӣ, дар мамлакат вуҷуд надошт, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлони барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварамон омодаи хизмат гардидаанд. Хушбахтона, бо шарофати хираду заковати азалии миллати тоқик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи нав таъсиси кишварамон тавонистем, ки аз вартаи фалокатвор раҳоӣ ёфта ба хотири бунёди давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамҳои худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем.
Бо чунин эътимоди бузург ба шарафи ин ҷашни фархундаву муборак, ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳомиёни ватанро самимона табрик гуфта, саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтию сарбаландӣ ва дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифз намудани сарзамини муқаддасамон барору комёбиҳоро таманно дорам.
Раиси Суди
иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.