Артиши миллӣ — кафили амният ва адолат

Posted by

Ҳамасола 23 феврал дар кишвари мо ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус барои онҳое, ки дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, аҳамияти муҳим  дорад.

Ҳамчун корманди мақомоти судӣ хуб дарк менамоям, ки татбиқи адолат бе таъмини амният имконнопазир аст. Агар дар ҷомеа сулҳу субот ҳукмфармо набошад, волоияти қонун пурра таъмин намегардад. Аз ҳамин лиҳоз, нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи тартиботи конститутсионӣ ва амнияти давлат ниҳоят муҳим мебошад.

Амният ва адолат мафҳумҳоеанд, ки бо ҳам пайвастагӣ доранд. Дар фаъолияти судӣ мо ҳамеша эҳсос мекунем, ки оромии ҷомеа шарти асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Артиши миллӣ эҳтиром ба давлат ва қонун аст.

Артиши миллӣ дар давраи барои давлат душвор таъсис ёфта, имрӯз ба нерӯи муназзам ва пуриқтидор табдил ёфтааст. Хизматчиёни ҳарбӣ бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат рисолати худро иҷро менамоянд. Онҳо бо ҳифзи марзу буми Тоҷикистон барои зиндагии осоиштаи мардум шароити мусоид фароҳам меоранд.Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати таъсиси артиши миллӣ ба миён омад. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки оғози расмии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамон рӯз инҷониб артиши тоҷик тадриҷан рушд намуда, ба як сохтори муназзам ва муосир табдил ёфтааст.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ бузург аст. Бо ташаббус ва сиёсати  роҳбарияти давлат заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддӣ-техникии артиши миллӣ тақвият ёфта, шароити хизмат барои сарбозону афсарон беҳтар гардонида шуд.

Имрӯз артиши миллӣ мактаби мардонагӣ ва шуҷоат ба ҳисоб меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, балки ифтихор ва масъулияти бузург аст. Ҷавонони кишвар бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон омода бошанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ   ва ҳамкорони арҷманди худро табрику муборак намуда, барору комёбӣ, иродаи устувор ва муваффақиятҳои назаррас дар татбиқи адолати судӣ дастоварду муваффақиятҳои бештарро дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан ва миллат орзумандам. Бигзор орзуҳои неки Шумо дар роҳи пешрафт ва ободии Тоҷикистони азиз ҳамеша амалӣ гарданд!

Котиби маҷлиси судии

 Суди иқтисодии вилояти Суғд                        Муъминзода Фирӯза