ҶАШНИ НАВРӮЗ ВА БАРХЕ АЗ ХУСУСИЯТҲОИ ОН

Posted by

“Наврўз ба сифати беҳтарин ҷашни миллии мардуми Шарқ таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳро тарғиб менамояд”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини инсоният буда, он аз таърихии бостонии мардуми ориёӣ пайдо ва то имрӯз амал намуда, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷашнҳои солинавии халқҳои гуногун вуҷуд дорад, ки мазмуну моҳияти хос доранд ва метавон онҳоро бо ҳам муқоиса намуд. Ҷашну маросимҳои халқу миллатҳои гуногун махсусияти хоси худро доранд, ки аз ҷашну маросим, тафаккур, анъанаву таърих, дину фарҳанги онҳо бармеояд.

Наврўз яке аз ҷашнҳои муҳташами бостонии мардуми тамаддунофари тоҷикон аст, ки гузаштагони мо тули қарнҳо онро бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд. Бо он ки Наврўз иди оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор аст, инчунин ҷашнест, ки дар аёми он як қатор суннату оинҳои давлатдорӣ расм гардидааст. Яке аз суннатҳои ин марҳила додхоҳӣ аз золимон ба шумор мерафт. Наврўз воқеан рўҳи солим дошта, дар ойини мардуми мо сароғози зиндагии нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ба шумор меравад.

Тавре дар яке аз баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Наврўзи оламафрўз хонаву кошонаи мардуми моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди одамон поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад”.

Наврӯз ба оғози кори деҳқон, оғози киштукор ва ободкорӣ рост меояд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз ҷашнест, ки ба растохези табиат рост омада, бо кулли табиат ҷур мегардад дар рустани алафу сабза, бедор шудани дарахтону оғози маросими кори деҳқон.

Рамзӣ аст, ки Наврӯз инчунин ба ҳодисаи нуҷумии баробар гаштани шабу рӯз –лаҳзаи мизони табиат (офтобтарозу) рост омада, дар ҳамин росто, инчунин бо мафҳуми адолати судӣ пайванд гаштааст. Бесабаб нест, ки рамзи адолати судӣ – Рашан дар даст тарозу дорад, ки ҳар ду паллаи он бояд баробар бошад. Яъне, додрас бояд ба ҷазо сазои мувофиқ, баробар бар кирдори содиршударо муқаррар намояд. Адолати судӣ таъмин намудани баробарӣ дар кирдору ҷазо барои он мебошад.

Наврӯз на танҳо ҷашни рӯзи нав, Соли нав, ҷашни баҳору кишт, ҷашни кишоварзу табиат аст. Наврӯзро метавон ҷашни адолати судӣ номид. Алоқамандии адолати судӣ ва Наврӯз дар тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи мардуми ориёӣ мавриди мушоҳида ва ифтихори ҳуқуқшиносон аст.

Алоқамандии Наврӯз ва падидаи адолати судӣ решаи амиқи таърихӣ дорад. Ҳарчанд андешаи мутафаккирони бузурги тоҷик, азҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Хайём ва дигарон оид ба Наврӯз вуҷуд дорад ва заминаҳои пайдоиши он аллакай маълум ҳастанд, ба андешаи мо Наврӯз ҷашнест, ки дар пайдоиш ба ягон дин алоқамандӣ надорад. Вале таърихи минбаъдаи Наврӯз баёнгари алоқаманд намудани он бо дини Зардушт ва ислом аст. Дар кишварҳои мусалмоннишин Наврӯз дар баробари «ҳафтсин»у «ҳафт шин», ҷузъи нав – бо номи «ҳафт мим» таҳия мекарданд, ки як ҷузъи техникии он аст. Вале муҳимтарин ҷанбаи алоқаманд намудани Наврӯз бо дини Зардушт ин амали намудани адолати судӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз мебошад.

Азбаски дар таълимоти Зардушт адолати судӣ аҳамияти хосса дошта, амалисозандаи адолати судӣ Худованд – Аҳура Маздо аст, пас, ҳокимият ки сарчашмаи илоҳӣ дорад, ин ваколат ба он ҳамчун ҳадя дода шудааст.

Сарварони давлати ориёӣ ба гумони ғолиб дар оғози давлатдории ориёӣ бевосита ба амалисозии адолати судӣ машғул гардида, минбаъд бо мураккаб гардидани масоили идоракунии давлатӣ барои амалисозии он додрасҳоро тайин мекарданд. Вале тайин намудани додрасҳо маънои тамоман даст кашидани сарвари давлат аз амалисозии адолати судиро надошта, шоҳони ориёӣ соле якчанд маротиба ба ин фаъолият машғул мешуданд.

Шахс тибқи таълимоти Зардушт то аз гуноҳон пок нашавад, агар ҷинояте содир карда бошад барои он ҷазо гирифта пок нагардад, ё шахсеро ранҷонида бошад, узр хоста бахшиш нашавад, нопок ва ё бо гуноҳ қадам гузоштан ба соли нав барояш нек нахоҳад буд. Аз ин хотир, мардуми зардуштӣ кушиш мекарданд, ки дар арафаи Наврӯз аз ҳама гуна гуноҳу ранҷиш пок шаванд, то Наврӯз як соли дигар барои онҳо зиндагии пур аз баракот ато намояд.

Наврӯзро рӯзи адолати судӣ нисбат ба шоҳ ва Рӯзи адолати судии шоҳ нисбат ба амалдорони давлатӣ номидан мумкин аст. Чунки Шоҳони зардуштӣ пеш аз ҳама, кӯшиш доштанд худро пок созанд ва минбаъд ба амалисозии адолати судӣ нисбат ба дигарон машғул гарданд.

Ҷараёни амалисозии адолати судӣ нисбат ба Шоҳ маънои онро дошт, ки ягон нафари қонуншиканӣ содирнамуда аз ҷазо халосӣ надорад, қонун ва Суд – Додрасӣ барои ҳама як буда, ҳама дар назди қонун баробар ҳастанд.

Баргузор гаштани суди шоҳӣ нисбат ба амалдорони давлатӣ, ашхоси бонуфузи кишвар, муштзӯрон маънои дар ҷомеа барқарор намудани адолати иҷтимоиро дошт, ки кишоварзу амалдор, толибилму вазир, шоҳу гадо баробар ҳастанд, ҳар яке бояд дар доираи чаҳорчӯбаи қонун амал кунанд.

Суди шоҳӣ дар асрҳои минбаъда, махсусан Ҳахоманишу Паҳлавиҳо, Сосониён идомат ёфта асосан дар Наврӯз ва Меҳргон баргузор мешуд. Минбаъд дар марҳилаи исломии рушд ин ниҳод бо номи мазолим то таърихи нави давлатдории тоҷикон амал мекард. Дар амали шудани ҳадафҳои Наврӯзи ориёӣ падидаҳои адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқ, қонун, сарвари давлат  ва ниҳоди судӣ нақши бузург доранд. Он ҷашни адолат, ғолибияти некӣ ба бадӣ, ҳак ба ноҳақ, ҳуқуқ ба ноҳаққӣ номидан раво аст. Албатта боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон аз 16 декабри соли 2025 таъкид доштанд: “Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.

Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Бо назардошти муҳимияти ин Ҷашн, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксарияти суҳбату вохӯриҳояшон бо табақаҳои гуногуни ҷомеа оид ба фарҳангу таърихи давлатдорӣ дар бораи ҷашнҳои таърихӣ Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, ҳамчунин ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Тиргон қайд намуда мегузаранд. Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 махсус таъкид доштанд: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад”.

Гузашта аз ин, дар Паёмашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 бо ифтихор чунин иброз доштанд: “Дар тамоми кишварҳои олам бо забони ноби тоҷики дар арафаи ҷашни Наврӯз мардум ба якдигар “Наврӯз муборак” мегӯянд ва ин калимаҳо тарҷума надорад”.

Хулоса, Наврӯз на танҳо як ҷашни мондагори таърихии мардуми тоҷикӣ ориёӣ аст, балки он ҷашни бузурги тантанаи адолат, ҳуқуқ, адолати судӣ, оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор, таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёӣ мебошад.

Наврӯзатон муборак бошад.

Эмомализода Навруз – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Судяи суди иқтисодии вилояти Суғд