Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 – уми декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул намуд, ки тибқи он соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо дастоварди сиёсати хориҷии кишвари мо, балки нишонаи эътирофи байналмилалии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими волоияти қонун ва фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
Қабули ин қатънома гувоҳи равшани он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои созанда ва башардӯстонаи Тоҷикистонро дар самти рушди устувор, адолатӣ иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дастгирӣ менамояд. Тоҷикистон бо пешниҳоди чунин ақидаи муҳим нишон дод, ки дар баррасии масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ мавқеи фаъол ва масъулиятшинос дорад.
Маърифати ҳуқуқӣ яке аз пояҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Шахсе, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб мешиносад, на танҳо аз қонуншиканӣ худдорӣ мекунад, балки дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки риояи қонун бояд ба меъёри рафтори ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.
Дар партави сиёсати ҳуқуқмеҳвари сарвари давлатамон солҳои охир дар кишвар заминаҳои устувори баланд бардоштани шуури ҳуқуқии аҳолӣ гузошта шудаанд. Барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва иқдомҳои тарбиявию маърифатӣ ба он равона гардидаанд, ки фарҳанги эҳтиром ба қонун дар ҷомеа тақвият ёбад.
Маърифати ҳуқуқӣ танҳо донистани моддаҳои қонун нест, балки пеш аз ҳама дарки масъулияти шахсӣ дар назди ҷомеа, давлат ва наслҳои оянда мебошад. Қонун барои маҳдуд кардани озодиҳо не, балки барои ҳифз ва таъмини онҳо қабул шудааст.
Ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” гувоҳи сиёсати оқилона, инсонмеҳвар ва дурбинонаи Пешвои миллатамон мебошад. Ин иқдом ба таҳкими суботи сиёсӣ, болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ ва нуфузи байналмилалии кишвар мусоидат мекунад.
Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд бо ҳисси баланди масъулият дар татбиқи ин ташаббус фаъолона иштирок намоем, қонунро эҳтиром кунем ва дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳми арзандаи худро гузорем.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд Олимиён Т.Б.