11 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Суғд бобати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 ва Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо, оид ба фаъолияти соли 2025, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар кори он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Туйчизода Т., роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд, Суди вилояти Суғд, раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар аввал намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Туйчизода Т. нишастро кушода, ҳозиринро муарифӣ кард. Доир ба фаъолияти корӣ дар соли 2025, маълумоти мухтасари раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С. ва маълумоти раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. пешниҳод гардид.
Сипас намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳбарияти Суди иқтисодии вилоят ва Суди вилоят посухҳои мушаххас дода шуд.

