Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани нуфузи Ватани маҳбубамон аҳамияти ниҳоят баланди амалӣ доранд. Ҳамин аст, ки паёмҳои ҳарсола барои муайян намудани самтҳои рушди ҷумҳурӣ нақши муассир доранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки анъанаи пешниҳод намудани Паём дар давлати мо аз соли 2001 ибтидо мегирад. Тавассути Паём камбудию муваффақият муайян карда шуда, чораҳои мушаххаси бартараф намудани онҳо нишон дода мешаванд. Паём барномаи илман асосноки тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ барои як сол ва зиёда аз он мебошад.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар замоне ироа гардид, ки мардуми сарбаланди мо ба ҷашни воқеан умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Бо назардошти ин дар Паёми мазкур чунин зикр карда шуд:
«То рўзҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст.
Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем.
Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кўчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.
Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад.
Яъне ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад».
Дар идомаи Паёми навбатӣ зикр гардид, ки: «Роҳи тайкардаи мо дар зарфи қариб 35 соли гузашта баръало нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд, Ватани хешро сидқан дўст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омодаанд.
Дар шароити буҳрониву ноороме, ки ҷаҳони имрўза қарор дорад, ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи аввалиндараҷаву ҳаррўзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад.
Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рўҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалӣ кўшишу талош намоем».
Ҷоиз ба зикри хос аст, ки чун дар паёмҳои солҳои гузашта, дар Паёми навбатӣ низ ба масъалаҳои мубрами рўз, аз ҷумла вобаста ба муҳиммияти ҳифзи ваҳдату ҳамбастагии шаҳрвандон, пешгирии бегонапарастӣ, мубориза бо унсурҳои экстремистиву террористӣ ва дар ин роҳ сафарбар намудани тамоми саъю талоши ҷомеа андешарониҳои ҷолиб сурат гирифтанд. Тавре таъкид гардид, «…сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намоянд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад.
Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад».
Дар интиҳои Паёми навбатӣ Пешвои миллат баён доштанд, ки «Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рўзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.
Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрўи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!».
Ба таври хулоса бояд гуфт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои тамоми аҳли ҷомеа, аниқтараш барои ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар дастури муҳиммест, ки аз бандҳои алоҳидаи он метавон давоми як соли пурра самтҳои фаъолияти корӣ ва ҳам рўзгори худро муайяну мушаххас сохт. Ба гунаи дигар, агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳамият диҳем, тавре гуфтем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар як фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.
Дар ин замина, вазифаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки на фақат бандҳои алоҳидаи Паёми Пешвои миллатро бояд шарҳу тавзеҳ диҳем, балки дар мафкураи ҳар як сокини кишвар ин фаҳмишро ҷой кунем, ки аз Паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ намоянд.
Давлатзода Толиб Шариф,
судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд