ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Posted by

Санаи 6 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 31 масъала қабул намуданд.

Аз ҷумла, дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек Салом бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек Салом, Сафарзода Маҳинабону Файзулло ва Раҳмонзода Икром Раҳмонқул судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Нурализода Одил Бобохуҷа судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.