Дастрасӣ ба адолат

Posted by

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва барномаи роҳнамо барои тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ хизмат мекунад.  Ин санади тақдирсоз натанҳо самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро муайян месозад, балки барои фаъолияти мақомоти судӣ, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, вазифаҳои мушаххас ва масъулиятҳои баландро пеш мегузорад.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, таҳкими адолати судӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин нуктаҳо моро – намояндагони мақомоти судӣ – водор месозанд, ки фаъолияти худро боз ҳам таҳким бахшида, дар татбиқи қонунҳо бо масъулияти  дучандона амал намоем.

Пешвои миллат борҳо таъкид намуданд, ки эҳтиром ва ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз арзишҳои олии давлатдории миллӣ мебошад. Суди одилона, мустақил ва бетараф заминаи асосии таъмини ин ҳуқуқҳост. Барои мо кормандони мақомоти судӣ адолат танҳо иҷрои меъёрҳои ҳуқуқӣ нест, балки эҳсоси масъулият дар назди инсон, ҷомеа ва давлат аст.

Мо дар баррасии ҳар як парванда ба принсипҳои  баробарии ҳама дар назди қонун, ҳимояи шаъну шарафи инсон, дастрасӣ ба адолат  ва муҳокимаи одилона ва боэътимод бошанду шаҳрвандон ба мақомоти судӣ бо боварии комил муроҷиат намоянд.

Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки иҷрои қатъии қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ асоси субот ва рушди устувори давлат мебошад. Судя бояд намунаи риояи қонун бошад. Ҳеҷ гуна  таъсири беруна, манфиатҳои шахсӣ ё  омилҳои ғайриқоонунӣ набояд ба  фаъолияти суд таъсир расонанд.

Судя бо рафтори худ,  бо тарзи қабули қарор ва бо муносибат ба тарафҳои баҳс бояд нишон диҳад, ки қонун болотар аз ҳама аст. Танҳо дар инсурат мо метавонем волоияти қонунро дар ҷомеа таҳким бахшем.

Яке аз нуктаҳои муҳими Паём зарурати пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ мебошад. Суд на танҳомақоми ҳалкунандаи баҳс, балки ниҳоди тарбиявию пешгирикунанда низ ҳаст. қарорҳои судӣ бояддорои аҳамияти ибратомӯз бошанд, то шахсони дигар аз содир намудани  кирдорҳоиғайриқонунӣ  худдорӣ намоянд.

Пешгирии қонунвайронкунӣ танҳо бо ҷазо имконппазир нест, балкии бо фаҳмонидани моҳияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти ҳисси масъулият дар  ҷомеа сурат мегирад.

Пешвои миллат дар Паёмҳои худ ҳамеша  ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбият ва  ахлоқи хизматии корманндони мақомоти давлатӣ,аз ҷумла судяҳо, аҳамияти махсус медиҳанд.  Судя бояд на танҳо  донишманд, балки поквиҷдон, бетараф  ва  устувор дар мавқеи ҳуқуқӣ бошад.

Паёми Пешвои миллат барои мо – судяҳо – як дастури равшан ва роҳнамоест, ки моро ба хизмати содиқона ба давлат ва миллат, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун  раҳнамоӣ мекунад. Мо бояд дар фаъолияти ҳаррузаи худ ин нуқтаҳоро роҳнамо қарор дода,  барои таҳкими адолати судӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ва пешгирии қонунвайронкуниҳо саҳми арзанда мегузорем.

Иҷрои супоришҳои Пешвои миллат масъулияти бузург аст, вале иин масъулият шарафу ифтихори мост. Бо итминон метавон гуфт, ки бо заҳмати содиқона ва касбияти баланд мо метавонем ба ин вазифаҳо бо сари баландӣ  ҷавоб гуем.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд      Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ