Паёми Пешвои миллат – равшангари роҳи ояндаи миллат

Posted by

Дар таҷрибаи давлатдории навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат, барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона, ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми халқи  Тоҷикистон тавассути вакилони мардумӣ буда, ин падида дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ муосир ифодакунандаи принсипи муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намояд, аз дигар тараф, дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025  баргузор гардид, дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо ва маҳаллаҳо ва ҳамзамон бо ин, боз ҳам боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллии аҳолӣ бар пояи таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановати миллӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, дар Паёми имсола нисбати самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ диққати махсус равона карда шуд.

Нуктаи дигари асосии Паёми Пешвои миллат нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад, равона гардид. Ҷанбаҳои ҳуқуқии паёми Пешвои миллат аз мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар басо муҳим арзёбӣ гардид.

Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ба ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз 1-уми сентябри соли 2026 зиёд намудани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, андозаи нафақаи заминавӣ бошад 15 фоиз аз ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбати кормандони соҳаи иҷтимоии мамлакат буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.

Тавре, ки ба мо маълум аст, ҳанўз аз рўзҳои аввали давлатдорӣ Пешвои миллат ба масъалаи рушди илм, мактаб ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бори дигар дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки ман аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрўз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тўли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат номиданд.

Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои миллат – равшангари роҳи ояндаи миллат буда, ҳамчун санади стратегӣ самтҳои асосии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян менамояд. Он ифодаи сиёсати оқилона, тафаккури дурбинона ва иродаи қавии роҳбарияти давлат дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта, адолатпарвар ва устувор мебошад.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд                           Мухитдинова Малика Хикматуллоевна