Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз он ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ рабт дошт. Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳанд.
Дарвоқеъ боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар соли 2025 якчанд рӯйдодҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ ва сиёсию минтақавии Тоҷикистон ҳалли худро ёфт. Махсусан масъалаи ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ, инчунин шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.
Илова ба ин, ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қобили қабул шуморида шуда, Тоҷикистон соли 2025 нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Дар ин радиф дар як вақт дар сатҳи байналмилалӣ рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж, инчунин бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ташаббуси дигари Тоҷикистон пазируфта шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Тавре медонем, бо назардошти сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон барои соли 2024 “Соли 2024-ро ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуда буданд.
Қобили қайд аст, ки тибқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “27” ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ шудааст, яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ»-ро метавон, ҳамчун идомаи мантиқии соли маърифати ҳуқуқӣ ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ҳамчунин соли ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳадди ақал ҳимояи ҳуқуқҳои фитрии инсон дар тамоми ҷаҳон донист. Боиси ифтихору шарафмандии Тоҷикистон аст, ки ин қатънома бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сулҳофар ва инсондӯст, инчунин шахсе, ки мехоҳад дар тамоми ҷаҳон қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон бошад, аз ҷониби намояндагони тамоми давлатҳои дунё қобили қабул шуморида шудааст.
Дарвоқеъ, дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкарда, инчунин сандаҳои ҳуқуқии байналмилалии тасдиқнамудаи парламенти мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Дар ин раванд, дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 бомаром амалӣ шуда истодааст.
Мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи мамлакат, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Дар як маврид эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар якчанд чорабиниҳои дахлдор ба ин самт амалӣ карда шуда, аз ҷониби тамоми ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти давлатӣ, чораҳои амалиявӣ андешида шуданд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуданд ва он то ҳол идома дорад. Аз он ҷумла, дар ин доира ва бо назардошти татбиқи барномаи мазкур ва иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда мешавад, ки ҷиҳати иҷрои он судяҳо ва кормадони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд низ муваззаф гардида, суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар рӯзномаҳо, телевизион ва радио, инчунин дар сомонаҳо мақолаҳо ба нашр расонида, ҷаҳати шунидани арзу дархостҳо дар шаҳру ноҳияҳо қабули сайёр низ гузаронидаанд, ҳоло бошад ин амал идома дорад.
Воқеан агар ба моҳияти Паём таваҷҷуҳ намоем, ба назар мерасад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси ҳамаи комёбиҳоро нахуст дар масъулиятшиносӣ мебинад. Аз ин рӯ, таъкид намуданд: “Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон хизмат кунем”. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутмаинанд, ки “ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд”.
Омили асосӣ ва хеле муҳими пойдорӣ, устувории давлат ва кишвари азизи мо ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон аст. Зеро ин қарзи конститутсионӣ-шаҳрвандии мо ба шумор меравад. Инчунин дарунмояи ҳамаи паёмҳое, ки ҳар сол аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ҳамин омил аст. Дар Паёми имсола низ таъкид шуд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.
Ҳамин тавр, ҳамаи ин пешниҳод, ташаббус ва супоришҳои мушаххасе, ки дар Паём матраҳ гардиданд, барномаи пешрафти кишвари мо ва ҷаҳони муосир дар оянда ба шумор мераванд. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили дастовардҳо ва камбудиҳои ҳар як соҳаи ҳаётан муҳим роҳи тараққиёти мамлакат ва дар ин марҳила ҳамоҳанг гардонидани он бо ҷомеаи ҷаҳониро дар оянда муайян намудаанд.
Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси боварии комил таъкид доштанд: “Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам”.
Аз ин рӯ, биёед ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савозор бошем ва тамоми саъю талоши худро ба хотири истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон равона созем.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомализода Навруз