Санаи 30 январи соли 2026 ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳои идоравӣ дар Суди вилояти Суғд ҷамъомад оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 бо иштироки раисон, муовинон, судяҳои Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Маърӯзачиҳо оид ба мавзӯҳои дар нақша пешбини шуда, маърӯза намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд.
Дар охир ҳозирин фикрҳои худро баён карда, дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардидаро хуб пазируфта, уҳдадор шуданд, ки ҳамарӯза сармашқи корӣ худ қарор медиҳанд.
Баъди ҷамъомад тибқи Нақшаи корӣ машғулияти семинарии навбатии судяҳо баргузор гардид. Дар семинар маърӯзачиҳо оид ба мавзӯҳои омодашуда, маърӯза карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд.
Ҳамчунин бо иштироки кормандони дастгоҳи судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар алоҳидагӣ машғулияти семинарӣ баргузор гардид.

