Судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷ.Х., Эмомализода Н.Э. ва Ҳамроқулзода Б.А. инчунин корманди дастгоҳи суди мазкур Муъминзода Ф. дар бинои Филиали ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” дар шаҳри Хуҷанд санаи 26-уми январи соли 2026, бо кормандони Филиали ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуҳои шарҳи дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” аз ҷумла оид ба истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои он, аҳамият ва нақши Конститутсия дар ҷомеаи демократӣ, дастовардҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об махсусан Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, оид ба сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ, оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020, №167 тасдиқ карда шудааст доир ба ин мавзӯъҳо суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.


