“Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.”
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ҳар сол самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян менамояд. Дар ин санади сарнавиштсоз масъалаҳои муҳим, аз қабили рушди иқтисод, таҳкими пояҳои иҷтимоӣ, тарбияи насли солим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ баррасӣ мешаванд. Дар баробари ин, нақши занон ҳамчун нерӯи созанда ва омили муҳими пешрафти ҷомеа дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор дорад.
Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ борҳо таъкид менамоянд, ки зан дар ҷомеаи муосир на танҳо модар ва нигаҳбони оила, балки иштирокчии фаъоли ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Давлат сиёсати худро дар самти баланд бардоштани мақоми занон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҳамаҷонибаи занон пайгирона амалӣ менамояд. Ин сиёсат имкон медиҳад, ки занон неруи зеҳнӣ ва касбии худро барои рушди ҷомеа пурра истифода баранд.
Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат густариши иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад:
Имрӯз занон дар мақомоти давлатӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг, иқтисод ва соҳибкорӣ фаъолият намуда, саҳми назаррас мегузоранд. Афзоиши шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарӣ далели он аст, ки давлат ба қобилият ва масъулияти онҳо эътимод дорад. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳсил ва маърифати занон аҳамияти махсус дода мешавад. Борҳо зикр кардаанд, ки ҷомеаи пешрафта аз зани босавод ва соҳибмаърифат оғоз меёбад. Таҳсили духтарон, ҷалби онҳо ба илм, касбомӯзӣ ва такмили дониш заминаи муҳим барои тарбияи насли солим ва худшинос мебошад. Зане, ки дониш ва ҷаҳонбинии васеъ дорад, метавонад фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия намояд.
“Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд”.
Нақши занон дар рушди иқтисоди кишвар низ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос дорад. Дастгирии соҳибкории занон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии онҳо ва ҷалби занон ба бозори меҳнат аз тадбирҳои муҳиме мебошанд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Имрӯз ҳазорон зан бо ташаббуси шахсӣ ва меҳнати ҳалол на танҳо иқтисоди оилавиро мустаҳкам менамоянд, балки дар рушди иқтисоди миллӣ низ саҳми арзанда мегузоранд. Зан ҳамчун модар, омӯзгор ва фаъоли иҷтимоӣ метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб нақши муҳим бозад. Аз ин рӯ, Паёми Пешвои миллат занонро ба масъулияти баланд ва фаъолият дар роҳи ободии Ватан ҳидоят менамояд. Зеро баланд бардоштани мақоми зан, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду фаъолияти онҳо ва ҷалби занон ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кафолати рушди устувор ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад.
Дар охир чунин гуфтанӣ ҳастам, ки занони тоҷик бо хираду матонат, дониш ва масъулияти баланди худ метавонанд ғояҳои созандаи Паёмро дар амал татбиқ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзанда гузоранд.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд Муъминзода Фирӯза