Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Posted by

8 январи соли 2026 ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Раёсат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода З.Ф, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Т.Н, муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 ҳисоботҳои муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Раҳмонзода С.С. ва муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. шунида шуд.
Сипас доир ба натиҷаи фаъолияташон Раисони судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ахборот манзур намуданд.

Дар кори Раёсат натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир,  қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 ироа гардид.