Бо камоли эҳтиром ва як ҷаҳон орузуҳои нек Шумо ва аҳли оилаатонро ба муносибати Соли нави мелодии 2026 табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, бахту иқболи накӯ ва дар фаъолияти кориатон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Соли рафтаистода бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми шарафманди Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону фаромӯшнашаванда ба ҳисоб рафта, соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватанамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои бунёдкорона ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ҳамчун таҷаммули миллати соҳибватану созанда дар таърих нақш хоҳад баст.
Мо бояд дар Соли нави мелодии 2026 низ ба хотири таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар, амнияту якпорчагӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бо ҳамин таманниёти нек бори дигар Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона муборакбод намуда, бароятон умри дарози бобаракат, саломатии бардавом, саодати оилавӣ, хонаободӣ, рӯзгори хушу бофароғат ва давлати поянда орзумандам.
Соли нави мелодӣ муборак!
Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т.