Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ки бо тартиби ворид намудани илова ба Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи рузҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама сола рӯзи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон кайд карда мешавад.
Ҷашни Парчам ин аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро рушан сохта ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқол, муқтадир, бо фарханг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон дар радифи дигар давлатҳо муаррифӣ месозад. Парчам аз калимаи суғдӣ гирифта шуда, маънояш овеза, алам аст.
Боиси хушбахтист, халқи тоҷик, ки дар давраи Куруши Кабир соҳиби эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, инчунин якумин халқест, ки аввалин шуда дирафш-парчамро ба миён овардааст ва ин дирафши якумини миллати тоҷик дирафши ковиёна аст ва мо ҳамагон, ки бархурдор аз Шоҳнома мебошем, воқиф аз он ҳастем, ки чи тавр Коваи оҳангар дар вақти бар зидди қувваи бадӣ ғолиб омаданаш чарминаи пешбанди худро ба ҳайси дирафш-парчам истифода бурда буд ва баъди мағлуб намудани Заҳҳок ғолибияти худро бо тартиби бардоштани дирафш ба халқ нишон дод, ки онҷо ӯ бардоштани парчам халқро ба муттаҳидӣ, баҳамоӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарӣ даъват кардааст. Сипас Кова ба тахт Фарҳодро нишонда, Фарудун низ ин иқдоми Коваро идома дода, ба дирафши Ковиёна як ситораи дорои чор шохаи зарҳалдори ранги зард, сурх, бунафшдорро илова намуда буд ва аз ҳамон давра инҷониб мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гаштаанд.
Дар тули таърихи парчамдории тоҷик ин рамз тағйир ёфта истода, хушбахтона ҳама вақт рангҳои мусбиро доро буд.
Дар набардҳо парчам дар дасти ҷанговари боғайрату пурзӯру тавонову нотарсу далер дода мешуд ва ҳангоми дар ҷойи намоён, баланди овезон кардани он тамоми лашкар аз пирузиву ғалаба фахр мекарданд. Аммо вақти парчам аз даст мерафт ё канда сузонида нест карда мешуд, он нишони нокомӣ ва шикасти лашкар буд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта дар як заминаи хушку холӣ ба миён намеояд ва наомадааст ва аз сарчашмаҳои хело зиёди фарҳангӣ дар иртибот дар омодакардани он истифода шудааст ва дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, парчами Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пинҳон нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва мардуми аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод дошта буданд ва ин парчами давлати тоҷик,ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хелои зебо таҷассум ёфта ифодагари тамоми таъриху тамадуни пеш азисломӣ ва баъди исломии мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.
Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.
Санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва дар ҷумлаи аввали ин Низомнома оварда шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамоми муқаддасоте, ки дар ватани мо, ҳаёт ҳам муқаддасоте ба фарҳанг алоқаманд аст ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрӯзи мо ба идеалҳои мо алоқаманди дорад, ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз хама разм аст, рамзи давлатӣ аст, дар рафдифи ду рамзи дигар, ки нишон ва суруди Миллии Тоҷикистон.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2007 қабул карда шудааст, моҳият ва тартиби истифодабарии расмии Парчамро муқарар менамояд.
Гузашта аз ин қонунгузор дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, ки риояи талаботи қонуни мазкур ба зиммаи роҳбарони мақомотҳои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон вогузошта, шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 342 КҶ ҶТ татбиқи ҷазоро то маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ кардааст.
Парчами давлатиро, ки рамзи давлатдории миллати тоҷик аст, осон гирифтан мумкин нест ба рамзҳо он чунон ки худашон муқаддас ва сермаъно ҳастанд ҳамон тавр муносибат кардан зарур аст, яъне эҳтиром гузоштан ба парчам рамзи давлатӣ ин эҳтиром ба худи худ ва мавқеъ ба ҷойгоҳ ба ҳамсоя ба ҷомеа, ба таърих, фарҳанги гузашта ба он муборизаҳзоест, ки тавасути он мо имрӯз ба истиқлолият расидаем ин як навъ ҷоннисорӣ, ҷонбозист ва арзишҳоест ки ҳудуду паҳно надоранд ва хулоса ин як навъ қомуси хирад ва андеша аст. Он чизе ки муқаддас аст, наҷиб аст сатҳи аз ҳама олӣ аст онро бояд, ки дӯст дошт ва парчами тоҷик ва кулли муқаддасоти миллӣ шоистаи дӯстдоштанӣ аст ва он чизе ки аз ибтидо то ба имрӯз дар парчам ҷойгир аст мо онро бояд, ки чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиром дорем.
Муовини Раиси
Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А.