Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Posted by

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар Қасри таърихии Арбоб чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ сокинони вилояти Суғдро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки ин сана рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳматҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳз дар ҳамин сана Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) доир шуда, чун рӯйдоди тақдирсоз ва нуқтаи ибтидои эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуда, бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меоварам!” роҳи наҷоти миллат ва давлатро муайян намуданд.

Дар шароите ки Тоҷикистон аз хатари ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагии миллӣ ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ранҷ мекашид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва хиради сиёсӣ тавонистанд миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд.

Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ барқарор гардид, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин шуд ва Тоҷикистон ҷониби пешрафту шукуфоӣ қадам гузошт.

Дар натиҷаи амалишавии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои асосии давлатдории миллӣ гузошта шуда, мақомоти давлатӣ, сохторҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва низоми ҳуқуқӣ тақвият ёфтанд. Барои чунин хизматҳои таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвонҳои олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” ва “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” сарфароз гардиданд, ки ин худ шаҳодати арҷгузории халқ ба хидматҳои фарзонафарзанди миллат мебошад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон маҳсуб меёбад. Дар даврони истиқлол ҷашнҳои суннатӣ ва миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, эҳё гардида, дар сатҳи давлатӣ таҷлил мешаванд.

Ин сиёсат на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки воситаи таҳкими ваҳдат ва ҳувияти фарҳангии миллат ба шумор меравад. Дар воқеъ, Пешвои миллат тавонистанд пояҳои худшиносиву худогоҳии миллиро мустаҳкам намуда, рӯҳи ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар ҷомеа бедор созанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафт рушд мекунад. Мардум бо ифтихор аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат пайравӣ менамоянд ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми худро мегузоранд.

Дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва дипломатияи фаъол мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва пешоҳанги ташаббусҳои ҷаҳонӣ мустаҳкам намуданд.

Ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо терроризму экстремизм ва таҳкими амнияти минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пурра дастгирӣ ёфтанд. Ин ҳама далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо карда, ба кишвари фаъолу боэътимоди минтақа табдил ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои фаъолият то имрӯз бар пояи хиради халқ, адолат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ амал намудаанд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ҳамчун қувваи асосӣ такя карда, бо садоқат ба Ватан ва меҳру муҳаббати халқи худ тавонистанд, ки ҷомеаро ба суи созандагӣ раҳнамун созад.

Сиёсати мардумсолорона, ҳифзи арзишҳои миллӣ, татбиқи ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва саноат Тоҷикистонро ба зинаи нави рушд расонидааст.

Дар давоми сиву чор соли Истиқлол Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар миёни парчамҳои кишварҳои ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва номи миллати тоҷик бо ифтихор садо медиҳад.

Ҳамин тавр, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва боло бурдани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таърихиву тақдирсоз мебошад.

Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд бо ифтихор аз фарзанди фарзонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, таҳти роҳнамоии Сарвари давлат ба сӯи ояндаи ободу шукуфон қадам мегузорад. Бигзор, зери сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар фазои сулҳу амонӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ рушд намояд.

Дар охир барномаи пурмӯҳтавои фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд