Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Иштирокчиён доир ба дастовардҳои замони соҳибситиқлолӣ ва саҳми Иҷлосияи тақдирсоз дар рушди давлатдории тоҷикон андешаҳои худро баён намуданд. Қайд гардид, ки дар замоне, ки қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо, кашмакашҳои бемаънӣ ба авҷи ниҳоӣ расидаву бенизомиву бесуботӣ авзои сиёсӣ ва умури идории мамлакатро фаро гирифта буд, баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба тулӯи ҷонбахши Офтоб дар сардиҳои қаҳратун шабоҳат дошт. Дар ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва зери роҳбарии ӯ миллати тоҷик ба бунёди давлати соҳибистиқлол шуруъ намуда, аз вартаи парокандагӣ раҳо ёфт. Маҳз санадҳои қабулнамудаи ин иҷлосияи таърихӣ имконият ва шароит фароҳам овард, ки давлати тозабунёди тоҷикон аз буҳрони хатарнок ва вартаи ноумедӣ баромада, рушду нумуъ намояд, ба пешрафту инкишоф ноил гардида, тадриҷан ба самти ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ қадамҳои устувор гузорад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат, кишвари ободу зебо, шукуфону гулафшон, сулҳу ваҳдати миллӣ, тантанаи демократия ва сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, таҳкими истиқлолияти миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву устувории давлат, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату миллат ва ягонагиву якдилии тамоми мардуми кишвар, шакли давлатдории президентӣ ва арҷ гузоштан ба хизматҳои мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар интиҳои маҷлис Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33 солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони мардуми тоҷик фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно намуд.


