Қобили қайд аст, ки бори аввал дар банди 1-уми Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум мафҳуми расмии Истиқлолият муқаррар шуда, тибқи он «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад».
Бояд қайд кард, ки мувофиқи қисми 3-юми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйироту иловаҳо аз санаи 22-уми майи соли 2016) “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Яъне, аз муқаррароти ин меъёри ҳатмии конститутсионӣ бармеояд, ки самти асосии фаъолияти давлатӣ дар таъмин намудани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат ва дастгирии иҷтимоии онҳо равона карда шудааст. Бевосита, ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд намуда, таъкид месозанд, ки “Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохта истодаем”.
Қобили қайд аст, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, ифодакунандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, оинаи пешрафти кишвар, барномаи амал ва раҳнамову раҳкушои самтҳои мушахассу муайяни фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои фардои дурахшони мамлакат ба шумор меравад. Тавре, ки моҳияти аслии худи Паём бармеояд, он инъикоскунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муқоисакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Гузашта аз ин, мувофиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Мутобиқи қисми 2, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои аввал ҷойгир аст. Ин ҳам бесабаб нест, зеро Конститутсияи мамлакат эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо, меъёрҳои Конститутсия татбиқ мегарданд.
Қобили қайд аст, ки Конститутсияи кишвар ваҳдати миллии тоҷиконро устувор гардонида баҳри сохтани ҷомеаи воқеан ҳам соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаи асоси гузошта, давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намуд. Имруз бо боварӣ гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо як санади ҳуқуқи мукаммал, ҷавобгӯи манфиатҳои давлатӣ ва миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар моддаи 9 Конститутсия таҷзияи ҳокимият муқаррар шуда ҳокимияти давлатӣ танзими худро ёфта, суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият эътироф карда шуд.
Ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз шохаи алоҳида ҳокимият – татбиқкунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, ҳифзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд ба шумор рафта, инчунин таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ вазифа асосиаш мебошад. Дар робита ба ин, мувофиқи моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд. Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад. Яъне, дар ҳама ҳолат нақши мақомоти судӣ дар татбиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим аст, зеро Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ қонуни ҳуқуқиро арзиши олӣ эътироф намудааст ва дар раванди татбиқи адолати судию иҷтимоӣ, гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ ва намоишӣ, суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту идораҳо ва қабули таъинотҳои хусусӣ пурра мавқеи суд инъикос мегардад. Илова ба ин, дар ҷараёни бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад, зеро ҷомеае ки Конститутсияи беҳтарин ва аҳолии дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқии баланд аст, он заминаи мустаҳками эъмори давлати ҳуқуқбунёдро гузоштааст.
Қобили қайд аст, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 аҳамият ва нақши Конститутсия дар ҷомеаи демократӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.Инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани санади олии ҳуқуқӣ тибқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Аз ин рӯ, мо кормандони мақомоти судӣ баҳри татбиқи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат ва ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми саъю талош ва донишу таҷрибаи касбии худро равона созем.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд: Маҳмудова Феруза.