Санаи 31 октябри соли 2025 дар Суди вилояти Суғд машғулияти семинарии навбатӣ бо иштироки раисон, муовинон, судяҳои Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Дар семинар маърӯзачиҳо тибқи Нақшаи машғулиятҳои семинарӣ маърӯза карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд.
Дар охир судяҳои суди вилоят вобаста ба мавзӯҳои маърӯзашуда, хулоса дода, сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ муҳокима гардид.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз машғулияти семинарӣ кормандони дастгоҳи судҳо дар алоҳидагӣ мувофиқи Нақшаи корӣ баргузор гардид.


