Санаи 25 октябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тамоми судяҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Барои интихоб намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо Раиси иттиҳодияи ҷамъиятии “Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳтарам Мирзозода Р.П. конференсияи судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуданд, ки дар кори он бо мақсади интихоб ва пешбарии номзадҳои шоиста ба вазифаи судя, таҳкими кафолатҳои мустақилияти судяҳо, инчунин гузаронидани санҷиши тахассусӣ ва баррасии масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳо, аз ҳисоби судяҳои ҷумҳурӣ ба узвияти Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни нав бо овоздиҳии иштирокдорон интихоб гардиданд.
Дар маҷлиси Коллегияи тахассусии судяҳо бо роҳи овоздиҳии ошкоро аз ҷумлаи аъзои Коллегия, Саидзода Гулбону Исуф Раиси Коллегияи тахассусии судяҳои Тоҷикистон интихоб карда шуда, доир ба ин дар кори Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори қабулшуда эълон карда шуд.
Ғайр аз ин, вобаста ба хориҷ намудани собиқ судяҳо аз узвияти Созмон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамзамон, дар кори конфронс масъалаҳои муҳим вобаста ба рушд ва такмилдиҳии фаъолияти ҳокимияти судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Конфронс бори дигар собит сохт, ки иттиҳоду ҳамраъйии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯест, ки роҳи таҳкими қонунмандӣ ва татбиқи ҳақиқии адолати судиро равшан ва устувор мегардонад.

