Муқовимат бо терроризм ва экстремизм

Posted by

Дар замони муосир яке аз падидаҳои номатлубе, ки бо он тамоми давлатҳои дунё муқовимат менамоянд ва зери таваҷҷуҳи доимии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ қарор дорад, ин терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Терроризм дар замони муосир  яке аз падидаҳои номатлубе ба шумор меравад, ки  ба ҷомеа хатари ҷиддӣ дошта хусусияти глобалӣ дорад. 

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад”.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд

Тибқи моддаи 1 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” мафҳуми терроризм чунин шарҳ дода шудааст:

–  терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм, маҷмӯи васеи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризмро меъёрҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо қонунигардонӣ (расмикунонӣ) – и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, инчунин қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  самти мубориза бар зидди терроризм, ба танзим медароранд.

Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷиноякории трансмиллӣ ва муташаккилона аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро ба роҳ мондааст. Аз ин лиҳоз ба ғайр аз меъёрҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, ҳамзамон  санадҳои  зерини  ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба танзим медароранд, ба монанди Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҷиноятҳо ва дигар кирдорҳое, ки дар дохили ҳавопаймо содир мегарданд аз соли 1963; Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо гаравгонгирӣ аз соли 1979; Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм аз  9 декабри соли 1999; Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, аз 15 июни соли 2001 ва ғайра.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар самти пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025,  ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти №187 тасдиқ карда шудааст, қабул карда шудааст, ки мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм муайян менамояд.

Боиси қайд аст, ки барои решакан кардани чунин падидаҳои номатлуб аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ яке аз роҳҳои самаранок ин ҳамкориҳои муштарак бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолият дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва муташаккилона фаъолона ширкат меварзад.

Ҳамин тариқ, гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат бо терроризму экстремизмро тавассути мақомотҳои давлатӣ инчунин созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ба роҳ монда бошад ҳам дар баробари ин ҳар як сокини кишварро низ зарур аст, ки дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд                                                    Олимиён Т.Б.