Шоми 5 октябр ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қалъаи Хуҷанд чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки нишонаи ҳастии миллат ва рукни муҳими давлатдорӣ мебошад, ба сокинони сарбаланди вилоят табрик намуд.


