Имрӯз сокинони мамлакатамон рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд. Воқеан ҳам забон воситаи муҳимтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф ифода карда метавонад, аммо воситаи асосии ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад». Забони модарӣ баёнгари сарнавишти тоҷикон, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Аз ин лиҳоз, ҳифз кардани забони тоҷикӣ, нигаҳдорӣ ва сайқал додани он вазифаи муқаддас аст.
Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем.
Бигузор, забони тоҷик, миллати тоҷик ва фарҳанги волои тоҷик ҷовидон бошад!
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.